Агентии хизмати давлатӣ: 46 ҳолати қабули хизматчиёни давлатӣ бе баргузории озмун мушоҳида гардид

Июль 27, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҳангоми санҷишҳо ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ ҳангоми интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳо таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ ҷой дорад, мушоҳида гардид. Дар ин хусус имрӯз Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ  дод.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда риоя  нашуда, зимни санҷиш 47 ҳолати ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ набудани бархе аз хизматчиёни давлатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мазкур  муайян гардид.

«Дар маҷмуъ аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷишӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол шуданд»,- изҳор дошт Директори агентӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ошкоршуда тасдиқ шуда, то ин вақт қисми зиёди камбудиҳо бартараф гардиданд. Фаъолият дар ин самт идома дошта, ҷараёни минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳо таҳти назорати Агентии хизмати давлатӣ қарор дода шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 27, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе