Аз оғози мавсими боришот дар Муғулистон бар асари офатҳои обӣ беш аз 30 нафар ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози мавсими боришот дар Муғулистон беш аз 30 нафар бар асари офатҳои обӣ ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи душанбе муовини сарвазири Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхон дар ҷаласаи онлайнӣ бо иштироки раисони 21 аймаки Муғулистон хабар дод, ки дар он вазъи кунунии обхезиҳо, ки аз боронҳои шадид ба вуҷуд омадаанд, баррасӣ шуд.
Тибқи гуфтаи муовини сарвазир, боронҳои шадид дар саросари кишвар идома доранд. Дар натиҷа сатҳи об дар баъзе дарёҳои бузурги Муғулистон ба таври назаррас боло рафта, аз нишонаи хатарнок гузашт. «Аз ин рӯ мо бояд чораҳои пешгирии хатарҳои эҳтимолиро дар ҳама сатҳҳо беҳтар кунем», илова намуд ӯ.
Дар таърихи Муғулистон чаҳор обхезии калон маълум мебошанд, ки солҳои 1966, 1982, 2003 ва 2009 рух додаанд. Қурбониёни онҳо асосан кӯдакони ба балоғат нарасида буданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






