АЗ ПАЙИ ЭРОДҲО. Дар Душанбе сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ пурзӯр ва фаъолияти ронандагон назорат карда мешавад

Июль 14, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл бо иштироки васеи роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳа ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт бо мақсади беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии  пойтахт ва пӯрзур намудани назорати фаъолияти ронандагон дар хатсайрҳо  ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд.

Дар ҷаласа нахуст фаъолияти соҳа дар давраи сипаригардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, доир ба корҳои иҷрошуда дар ин самт ҳисоботи роҳбарони сохторҳои дахлдор шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо инобати пешравиҳои назарраси соҳа дар давраи сипаришуда то ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ба мушоҳида мерасанд.

Дар ҷаласа вобаста ба рух додани садамаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки ронандагони нақлиёти мусофирбар, ҳолати техникии аксари воситаҳои нақлиёт, ивази хати сайр, намои зоҳирии воситаҳои нақлиёт, либоси ягонаи расмии ронандагон ва ғайра изҳори нигаронӣ шуда, ба роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳа ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар дар пойтахт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Ҳамчунин барои дар сатҳи хуб гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангии дар пешистода омодагии ҳамаҷониба дида, бо дарки масъулияти баланди касбӣ раванди хизматрасонии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарро дар хатҳои сайр пайваста назорат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 июл зимни суҳбат бо кормандони якчанд воҳиди сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ изҳори нигаронӣ намуда,  супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»

Июль 14, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид