Бар асари ба ҷарӣ чаппа шудани автобус дар шимоли Покистон 6 нафар ҳалок ва 20 кас маҷруҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе бар асари чаппа шудани автобус ба ҷарӣ дар ноҳияи Диамери вилояти Гилгит — Балтистони шимоли Покистон шаш нафар ҳалок ва қариб 20 кас захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус намояндаи хадамоти наҷот хабар додааст.
Тавре наҷотдиҳандаи хадамоти давлатии Rescue 1122 Калим Улла ба агентии «Синхуа» баён намуд, садамаи нақлиётӣ нимаи дуюми рӯз дар ноҳияи Тҳалеҷи дар шоҳроҳи Қароқурум рух дода, боиси талафоти одамон гардидааст.
Наҷотдиҳандагон бо дарёфти иттилоъ зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ба амалиёти наҷот оғоз намуданд.
Маҷруҳон ба бемористонҳои маҳаллӣ расонида шуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






