Бар асари обхезиҳо дар Афғонистон 22 нафар ба ҳалокат расиданд

Июль 24, 2023 15:09

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари борони сел ва обхезиҳои шадид, ки дар якчанд минтақаҳои вилояти Вардаки шарқи Афғонистон ба вуқуъ пайвастанд, 22 нафар ҳалок ва 40 нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар изҳороти рӯзи якшанбе нашрнамудаи ҳукумати вилоят гуфта шудааст.

Мувофоқи изҳорот, бориши шадиди шаби шанбе дар навоҳии Ҷалрез, Чак, Саидобод, Нурк ва Ҷагатои вилоят боиси обхезии шадид гардид, ки дар натиҷаи он садҳо хонаҳо ва ҳазорон гектар замини кишоварзӣ хароб ё пурра нобуд гардиданд.

Директори идораи мубориза бо офатҳои табиии вилоят Файзулло Ҷалолӣ тасдиқ кард, ки дар обхезӣ беш аз даҳ нафар бедарак шудаанд.

Хадамоти обуҳавошиносии Афғонистон рӯзҳои наздик бориши борони шадидро пешгӯӣ карда, аз обхезӣ дар баъзе минтақаҳои ин кишвар ҳушдор медиҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2023 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик