Бар асари сӯхтори ҷангал дар ҷазираҳои Қанар ҳазорон нафар кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳазорон нафар сокинони ҷазираи Палма дар ҷазираҳои Қанар бар асари сӯхтори ҷангал, ки субҳи рӯзи шанбе оғоз шуда, аллакай 4500 гектар замин, беш аз даҳ хонаро нобуд намудааст, маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк намоянд. Ба хомӯш кардани сӯхтор қариб 400 нафар низомиён аз бахшҳои мухталиф ҷалб шудаанд, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба хабаргузории Би-би-сӣ.
Мақомот гуфтаанд, ки тақрибан 4255 нафар тахлия шудаанд, дар ҳоле ки дигарон аз рафтан худдорӣ менамоянд. Сӯхтор дар минтақаи Ал Пинар дар минтақаи шимолу ғарбии Пунтагорда оғоз шуда, сипас ба ҷануб- ба сӯи шаҳри Тихараф паҳн шудааст.
То торик шудани ҳаво барои хомӯш намудани сӯхтор ҳавопаймои обӣ низ ҷалб гардид.
Салиби Сурх инчунин барои кумак ба тахлияшудагон марказ таъсис додааст. Дар Испания ба мардуми аз сӯхтор зарардида изҳори ҳамраъйӣ намуда, омодаи он ҳастанд, ки тамоми маблағҳои заруриро ба ихтиёри мақомоти ин ҷазира гузоранд.
Сӯхтор бар асари мавҷи баланди гармо сар зад, ки боиси якбора боло рафтани ҳарорат дар аксари манотиқи ҷануби Аврупо шуда, то ҳафтаи оянда идома хоҳад ёфт.
Қаблан дар наздикии фурудгоҳи Бодрум сӯхтори бузурги ҷангал рух дода буд. Ҳарорати ҳаво дар ин минтақа аз 43 дараҷа боло рафт.
АКС аз манбаъҳои боз








Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?






