«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар шаҳри Бохтар бахши якуми озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» барои дарёфти беҳтарин занон- хизматчиёни давлатии ниҳодҳои идоракунии вилояти Хатлон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи озмун таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории он- ин дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ва захира намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занҳо мебошад.
Дар озмуни мазкур 60 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок менамоянд.
Озмун 3 рӯз идома меёбад. Ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






