Боронҳои шадиди ҳафтаи равон сабаби ба ҳалокат расидани 100 нафар ва бесарусомонӣ дар шимоли Ҳиндустон шуданд

Июль 14, 2023 10:28

ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Ҳиндустон беш аз 100 нафар ба ҳалокат расид. Бориши муссонӣ, ки боиси ярч ва обхезӣ гардид, чанд рӯз боз қатъ намегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.

Аксари ҳалокшудагон дар музофоти кӯҳистонии Ҳимачал — Прадеш ба қайд гирифта шуда, дар он ҷо мошинҳо, автобусҳо, пулҳо ва хонаҳоро селҳои тӯфонӣ шуста бурданд ва ярчҳо фаромаданд.

Дар Деҳлии Нав тамоми кӯчаҳои назди дарёи Ҷамуна, аз ҷумла якчанд биноҳои ҳукуматӣ зери об мондаанд. Ҳазорон нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда,   мактабу коллеҷҳо баста шудаанд.

Тибқи иттилои мақомот, ин бузургтарин боришотест, ки  дар Ҳиндустон дар даҳсолаҳои охир ба амал меояд.

Обуҳавошиносон рӯзҳои наздик дар минтақаҳои шимолии кишвар боришоти  дигарро  пешбинӣ менамоянд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Euronews

Июль 14, 2023 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд