БОЗИҲОИ 19-УМИ ОСИЁ. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо беш аз 100 варзишгар муаррифӣ менамояд

Июль 25, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои 19-уми Осиё, ки аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар муаррифӣ менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоу шумораи рекордии варзишгарон иштирок намоянд.

Кумитаи тадорукоти бозиҳо маълум намуд, ки 45 кумитаи миллии олимпии (КМО) узви Шурои олимпии Осиё беш аз 12 ҳазору 500 варзишгарро барои иштирок дар Бозиҳои 19-уми Осиё номнавис намудаанд.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои 18-уми Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 11 300 сабти ном шуда буд.

Ба барномаи Бозиҳои Осиёи имсола 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидаанд. Мусобиқаҳо дар 54 макони мусобиқа дар Ҳангжоу ва панҷ шаҳри музофоти Чжэтсзян баргузор мешаванд.

Баъзе омори иштирокчиён чунин аст:

Ҳайати мунтахаби шаш кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла Чин, Тайиланд, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон ва Ҳонконг аз 600 варзишгар зиёдтар аст.

Дар варзиши сабук варзишгарони 43 кумитаи миллии олимпӣ иштирок хоҳанд намуд.

11 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, варзишҳои обӣ, тирандозӣ, вазнабардорӣ ва киберспорт беш аз 30 кумитаи миллии олимпиро ҷалб намудаанд.

Варзише, ки шумораи бештари варзишгаронро фаро гирифтааст, футбол мебошад.

Дар 11 намуди варзиш, аз ҷумла, варзиши сабук, варзишҳои обӣ ва шамшербозӣ зиёда аз 300 варзишгар ба қайд гирифта шудаанд.

Дар аввалин Бозиҳои Осиё, ки соли 1951 дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд, 11 кумитаи миллии олимпӣ бо 489 варзишгар иштирок намуда буданд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

 

Июль 25, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд