«CAFA FUTSAL CUP-2023». Пагоҳ дар Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 июл дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз мешавад. Дастаҳои шаш давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дар маҷмуъ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешаванд. Нархи чиптаи бозӣ 20 сомониро ташкил медиҳад.
«CAFA Futsal Cup-2023»
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Узбекистон
Қирғизистон
Туркманистон
Афғонистон
Даври 1
23 июл (якшанбе)
12:00 Қирғизистон – Афғонистон
15:00 Эрон – Туркманистон
18:00 Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
24 июл (душанбе)
14:00 Эрон – Қирғизистон
17:00 Узбекистон – Афғонистон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Даври 3
26 июл (чоршанбе)
14:00 Туркманистон – Узбекистон
17:00 Афғонистон – Эрон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
28 июл (ҷумъа)
14:00 Эрон – Узбекистон
17:00 Қирғизистон – Туркманистон
20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
30 июл (якшанбе)
14:00 Туркманистон – Афғонистон
17:00 Узбекистон – Қирғизистон
20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






