ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо бозӣ ба муқобили дастаи Урдун оғоз менамояд

Июль 28, 2023 13:36

ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 нахуст бо тими Урдун рақобат менамояд. Ин бозӣ 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи натиҷаи қуръакашии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ байни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад кард.

Дар маҷмуъ дар чаҳорчӯби даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ – ду вохӯрӣ моҳи ноябри соли равон ва чаҳор бозии дигар моҳҳои март ва июни соли оянда анҷом медиҳад.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 1

16 ноябри соли 2023

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Даври 2

21 ноябри соли 2023

Камбоҷа/Покистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

21 марти соли 2024

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Даври 4

26 марти соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Арабистони Саудӣ

Даври 5

6 июни соли 2024

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Даври 6

11 июни соли 2024

ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа/Покистон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 28, 2023 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд