ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 муайян шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ байни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста рақобат мекунад. Дастаҳо аз 16 ноябри соли 2023 то 11 июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.
Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.
Қуръакашии даври сеюми Чемпионати ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мегарданд. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 мешаванд. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян мешаванд ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.
18 даста, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро мегиранд, ба даври сеюм ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.
Натиҷаи қуръакашии даври дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026:
Гурӯҳи «А»: Қатар, Ҳиндустон, Кувайт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон.
Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти Мянмар – Макао.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд, ғолиби ҷуфти Сингапур – Гуам.
Гурӯҳи «D»: Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбейи Чин – Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «E»: Эрон, Узбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти Ҳонконг – Бутан.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти Индонезия – Бруней.
Гурӯҳи «G»: Арабистони Саудӣ, Урдун, ТОҶИКИСТОН, ғолиби ҷуфти Камбоҷа – Покистон.
Гурӯҳи «H»: АМА, Баҳрайн, ғолиби ҷуфти Яман – Шри-Ланка, ғолиби ҷуфти Непал – Лаос.
Гурӯҳи «I»: Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти Малдив – Бангладеш.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






