Дар ҷануби Аврупо бар асари мавҷи гармои Сахара ҳарорати ҳаво метавонад ба 50 дараҷа расад

Июль 19, 2023 15:32

ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тундбоди «Харон», ки аз Сахара ба самти Аврупо меояд, ба кишварҳои аврупоӣ бо ҳарорати рекордии то 50 дараҷа таҳдид менамояд. Дар ин хусус агентии Bloomberg рӯзи душанбе бо итинод ба маълумоти обу ҳаво хабар додааст.

Мувофиқи иттилои агентӣ, то рӯзи чаҳоршанбе ҳарорат дар ҷазираи Сардиния метавонад тақрибан то 50 дараҷа боло равад. Шуруъ аз рӯзи чоршанбе дар 23 шаҳри бузурги Италия ҳушдори фавқулодаи Вазорати тандурустӣ дар бораи гармои шадид амал менамояд.

Bloomberg ёдовар шуд, ки охирин рекорди ҳарорат дар Аврупо соли 2021 сабт шудааст, ки ҳарорати ҳаво дар ҷазираи Ситсилия ба 48,8 дараҷа расида буд.

Ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво дар нимкураи шимолӣ зуд-зуд мушоҳида мешаванд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ҳолатҳои шадиди обу ҳаво эҳтимол ба «меъёри нав» мубаддал гарданд.

Азиза  ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: REUTERS / Remo Casilli

Июль 19, 2023 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад