Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Хоруғ бинои истиқоматии 12-қабата ба истифода дода мешавад
ХОРУҒ, 04.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар ду бинои истиқоматии сероҳаи марказии шаҳри Хоруғ идома дошта, қарор аст, ки яке аз ин биноҳо иборат аз 12 ошёна дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад, бинокорон айни ҳол дар чанд самт фаъолияташонро ба роҳ монда, як кисмашон ба бунёди роҳравҳои атрофи бинои навбунёд машғули кор мебошанд. Гурӯҳи дигар дар дохили бино ба васл намудани зардеворҳо ва дигар таҷхизоти зарурии дохилӣ банд ҳастанд.
Қомат афрохтани чандин биноҳои баландошёна дар маркази шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят аз ободонию бунёдкорӣ шаҳодат медиҳад ва заминаи хуб барои боз ҳам боло бурдани шароити зиндагӣ ва рӯзгори иҷтимоии сокинони шаҳр мебошад.
Корҳои бунёдӣ дар бинои 12- ошёна аз ҷониби ширкати сохтмонии маҳаллӣ мавсум ба «Бунёд» ҷараён дошта, сохтмони он аз соли 2017 оғоз гардида, дар баробари таҳхонаи васею барҳаво, бунёди дувоздаҳ ошёна ба анҷом расонида шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ин ду бино 88 ҳуҷраи истиқоматӣ, аз ҷумла 66 хонаи ду ҳуҷрагӣ ва 22 хонаи як ҳуҷрадор сохта шудаанд. Фармоишгари ин иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, лоиҳаро Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Саниосп» таҳрезӣ намуда, корҳои сохтмонӣ мутобиқи лоиҳа ба роҳ монда шудааст.
Дар назар аст, ки дар атрофи бино таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва майдончаи варзишию дилхушӣ барои кӯдакону наврасон низ бунёд меёбад. Тамоми масолеҳи сохтмониро саривақт аз шаҳри Душанбе интиқол медиҳанд ва бинокорон талош мекунанд, ки дар муддати муайянгардида бинои мазкурро бо сифати баланд ба дасти соҳибонашон супоранд.
Бинои ҳамшафат, ки аз 14 ошёна иборат аст ва боз як бинои дигари истиқоматии 12 ошёнадор, ки дар паҳлуи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






