Дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 таътили тобистона фаро расид

Июль 3, 2023 13:59

ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховра»/. Бо анҷоми панҷ бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол  таътили тобистона фаро расид, ки як моҳ идома хоҳад ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин муддат бошгоҳҳои Лигаи олӣ метавонанд ба ҳайати худ ислоҳот ворид намоянд.

«Истиқлол»-и Душанбе пешсафи ҷадвали чемпионат аст. Даста дар 13 бозӣ 29 хол ба даст овард. Дар зинаи дуюми ҷадвал «Куктош» ҷойгир аст. «Куктош» дар 14 вохӯрӣ 25 имтиёзро соҳиб гашт. «Равшан»-и Кӯлоб дар мақоми сеюм қарор дорад.

Нимаи дуюми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон-2023 бо бозиҳои даври понздаҳум-  3 ва 4 август оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 3, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид