Дар Деҳлӣ бар асари обхезӣ қариб 24 000 нафар кӯчонида шуданд

Июль 15, 2023 14:02

ДУШАНБЕ, 15.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти минтақаи миллии пойтахти Деҳлӣ (Ҳиндустон) пас аз он ки сатҳи оби дарёи Ямуна ба баландтарин сатҳи рекордӣ расид, тақрибан 24 ҳазор нафарро кӯчониданд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи ҷумъа агентии ANI хабар додааст.

Дар шимоли Ҳиндустон 8-10 июл борони шадид ба амал омад, ки дар якчанд музофот обхезӣ ва лағжиши заминро ба вуҷуд овард. 10 июл сатҳи об дар дарёи Ямуна ба 205,33 метр ва 12 июл ба 207,55 метр расида, аз рекорди соли 1978 (207,49 м) гузашт.

Кӯчонидани сокинони минтақаҳои зери обмонда 10 июл оғоз шуда, то рӯзи ҷумъа теъдоди онҳо ба 24 ҳазор нафар расид. Корҳои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозӣ дар минтақаи офати табиӣ идома доранд.

Сатҳи оби дарёи Ямуна 13 июл ба 208,66 метр расид. Соати 09:00 ба вақти маҳаллии 14 июл он ҳудуди 208,4 метрро ташкил дод, Идораи захираҳои оби Ҳиндустон коҳиши тадриҷии ин нишондиҳандаро пешбинӣ кардааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 15, 2023 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик