Дар Душанбе бо иштирокчиёни бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ доир шуд

Июль 26, 2023 19:17

ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини соҳаи варзиш ва иштирокчиёни Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.

Раиси Кумита иброз дошт, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар қатори дигар соҳаҳои муҳим рушд намуда истодааст. «Мо, масъулини соҳа ва варзишгарони мамлакатро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориву ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардорем», -таъкид шуд зимни вохӯрӣ.

Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 14 августи имсол дар шаҳри Мински кишвари Беларус Бозиҳои дуюми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз рӯи 20 намуди варзиш баргузор мегарданд. Дар он 132 нафар варзишгарони Тоҷикистон аз рӯи 13 намуд иштирок ва шарафи варзишии ҷумҳуриро муаррифӣ менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 26, 2023 19:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд