Дар Душанбе курсҳои Федератсияи байналмилалии футбол барои доварон оғоз гардид

Июль 11, 2023 14:52

ДУШАНБЕ, 11.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар Душанбе курси омӯзишӣ барои доварон таҳти унвони «FIFA MA Elite Referees Course» оғоз гардид, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тайи панҷ рӯз дастурдиҳандаи Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Ҳакан Аназ аз Австралия, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2014 дар Бразилия фаъолият намудааст, дар Тоҷикистон барои доварон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.

Дар курсҳо дастурдиҳандаҳо аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов ва Кристина Пронженко, инчунин 32 довари футбол – 12 довари марказӣ ва 20 ёвар иштирок менамоянд.

Курсҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои доварон дар Тоҷикистон то 14 июл идома хоҳанд намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикисто

Июль 11, 2023 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд