Дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешавад. Ба гурӯҳи «А» «Вавилон», «Абдураҳмон», «Мавлоно» ва «Сайёҳ» шомил шудаанд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Рахш-Такси», «Зет-Мобайл», «Амонатбонк» ва «Олуча-Такси» мубориза мебаранд. Гурӯҳи «С» аз «Ориёнбонк», «Мустафо», «Бойгонӣ» ва «Соро компания-2» иборат мебошад.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Сипас аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври ¼-ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дар марҳилаи плей-офф рақобатҳо аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






