Дар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб кишти такрорӣ мегузаронанд
КӮЛОБ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб баъди ҷамъоварии ҳосили аввал муташаккилона кишти такрорӣ ҷараён дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар ҷамоати мазкур як Кооперативи тиҷоратӣ ва 41 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро пурсамар истифода мебаранд.
Аҳли заҳмат соли равон аз кишти ғалла, картошка, пиёзи барвақтӣ ҳосили хуб ба даст оварда, аз он қаноатманд мебошанд.
Тавре сараграноми Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдураҳим Толибов иброз намуд, «дар заминҳои Кооперативи Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб дар майдони 460 гектар кишти ғалладона гузаронидем. Ҳосили зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ намуда, ба охир расондем, ки ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосилро ташкил медиҳад. Ҳосили пиёзу картошкаи ҷамъоварӣ намудаамон ба ҳисоби миёна 250-сентнериро ташкил медиҳад. То ҳоло дар майдони 400 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Мо барои хӯроки чорво чуворимаккаю силос ва дар 4 гектар шолӣ ва зироати лӯбиёгӣ кишт мекунем».
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракӣ 2295 гектар замини кишт мавҷуд аст, ки аз ин 2025 гектараш заминҳои обӣ мебошанд. Инчунин дар майдони 935 гектар чигит кишт шудааст, ки айни ҳол нашъу намои хуб доранд. Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан хоҷагии тухмипарвар буда, дар ин ҷо аз навъҳои тухмиҳои серҳосили ватанӣ вобаста ба иқлими маҳал истифода мебаранд.
«Дар майдони 850 гектар кишти пахта гузаронидем, ки ҳоло коркарди байни қаторҳо гузаронида шуда, озуқаи якуму дуюм пурра дода шудааст. Нашъунамои пахта хеле хуб ба роҳ монда шуда, навъҳои маҳалии пахтаи навъи «Сорбон», «Ирам» ва «Перла-с» кишт шудааст»,-гуфт Абдураҳим Толибов.
АКС: АМИТ «Ховар»










Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






