Дар хоҷагиҳои кишоварзии Кӯлоб ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ муташаккилона идома дорад

Июль 22, 2023 11:57

КӮЛОБ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ муташаккилона идома дорад. Як гурӯҳ хоҷагидорон аллакай баъди бардоштани ҳосили аввалин дар заминҳои корами обӣ кишти такрорӣ гузарониданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймони Хол.

Дар Кооперативи тухмипарварии «Сабз-Н», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор бо истифода аз техника дарави ғалла ба анҷом расид. Имсол хоҷагидорон дар майдони 70 гектар бо истифода аз тухмиҳои хушсифати мутобиқ ба иқлими маҳал ғалла кишт карданд, ки аз ҳар гектари он то 50-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.

Роҳбари хоҷагии тухмипарварии «Сабз-Н» Нуралӣ Шарипов иброз намуд, ки «мо ҷамъоварии ғалларо шуруъ намуда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 45-50-сентнерӣ ҳосил гирифта истодаем. Ба хоҷагии мо ҳозир тухмии гандуми Краснодар бисёр мувофиқ аст ва аз гандумҳои маҳаллӣ ду намуд коридем».

Дар хоҷагии мазкур ғайр аз тухмипарварию боғдорӣ инчунин чигит кишт карда мешавад. Соли равон тибқи тавсияи мутахассисони соҳа майдони кишти пахта васеъ гардид. Бо дарназардошти таъмини оби полезӣ ва васеъ намудани майдони кишти такрорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарбдор бо истифода аз техникаҳои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Кӯлоб каналу заҳбурҳо тоза мешаванд ва аз ҳисоби таъмини оби полезӣ хоҷагидорон дар заминҳои холишуда кишти такрории ҷуворимаккаи дон, лӯбиёиҳо, полезӣ ва дигар намуди сабзавот кишт мекунанд.

«Каналҳо аз соли 1993 инҷониб тоза нашуда буданд, аз ин рӯ солҳои охир оби зери заминҳои хоҷагӣ баланд ва ҳосилнокӣ паст шуда буд. Баъди истифода кардани заҳбур мо метавонем ҳосилнокии хоҷагиро баланд кунем ва дар навбати аввал кишти такрорӣ гузаронем»,-иброз дошт Нуралӣ Шарипов.

Кишоварзони Кооперативи тухмипарварии «Сабз-Н» ва дигар хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарбдор мақсад доранд, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ, қонеъ гардонидани талаботи сокинон бо маҳсулоти хушсифат, захираи маводи ғизоӣ ва таъмини барномаи амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузошта, заминро самаранок истифода баранд ва давоми сол то се ҳосил ба даст оранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 22, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд