Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 135 тонна маҳсулот пешниҳоди сокинони Душанбе гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 июл намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Рашт, шаҳри Норак, шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Хуросон баргузор гардида, зимни он ба сокинону меҳмонони пойтахт аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мазкур беш аз 135,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳои номбурда ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардору, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, шир, меваи хушк, лӯбиёгиҳо, асал, тухм, равған, макарон ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор 25-30 фоиз арзон пешниҳод гардид.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки 22 июл намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Ашт дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон», намоиши ноҳияи Нуробод дар Боғи Кӯдакон ва намоиши ноҳияи Кӯшониён дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамчунин 23 июл намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, намоиши ноҳияи Файзобод дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хайём» ва намоиши ноҳияи Восеъ дар Боғи кӯдакон доир карда мешавад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ин намоиш-фурӯш ноҳияҳои мазкур маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, себ, нок, шафтолу, зардолу, меваи хушк, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ ва дигар маҳсулоти озуқавориро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат менамоянд.
Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва дигар шаҳру ноҳияҳо намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»










«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






