Дар шаҳри Турсунзода 4781 кг маҳсулоти хӯроквории ба саломатии инсон зарарнок нобуд гардид
ТУРСУНЗОДА, 29.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода дар шаш моҳи соли равон 191 ҳолати ташхиси маҳсулоти гуногунро гузарониданд, ки 18 ҳолати ғайристандартии маҳсулот ошкор гардид. Дар ин муддат ду тоннаю 594 кг маҳсулоти нонии хӯрокворӣ, 626 литр нӯшокиҳои спиртию ташнагишикан ва 498 дона лампаҳои тафсону дигар намуди маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набударо дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд намуданд.
Дар ин бора мудири шуъбаи нозироти савдои Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода Собирҷон Бобохонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Ҳамчунин мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода гуфтанд, ки дар шашмоҳаи соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода зиёда аз 2187 кг маҳсулоти қаннодӣ, ширӣ, обҳои ташнагишикан, намаки ошӣ, ки маблағи умумии 58 ҳазору 443 сомониро ташкил медод, аз сабаби пастсифат будан ва гузаштани муҳлати истифодаашон, ки ба саломатии инсон зарар доштанд, аз муомилот гирифта, нобуд гардиданд.
Мутахассисони марказҳои мазкур мунтазам бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, сари вақт аз муомилот гирифтани маҳсулоти муҳлаташон гузашта ва ҳифзи саломатии сокинони ҷумҳурӣ дар байни истеъмолкунандагон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
АКС: Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






