Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Дар ин давра афзоиши истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 150,4 ҳазор тонна орд, 2395,8 тонна равғани растанӣ, 16382,8 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 6720,0 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 6454,3 ҳазор декалитр нӯшокиҳои бе спирт истеҳсол шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешида давоми 6 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ давоми шаш моҳи имсол 3 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 16 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 155,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 2,0 млн сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон дар ин давра 392 582 дона либоси мактабӣ дӯхта шудааст.
Дар вилоят фаъолияти 11 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-июни соли равон истеҳсоли пойафзол ба 311,6 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,4 фоиз зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд






