Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо барои хомӯш кардани сӯхтор дар Юнон кумакҳои ҳавоӣ ва заминӣ ҷалб менамоянд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии даҳҳо сӯхтори ҷангал дар саросари Юнон идома дорад. Дар робита ба ин Иттиҳоди Аврупо чаҳор ҳавопаймои сӯхторнишонии «Canadair»-ро аз Фаронса ва Италия дар якҷоягӣ бо се бригадаи оташнишонӣ аз Полша, Руминия ва Словакия мефиристад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон харитасозии моҳвораии Иттиҳоди Аврупо «Copernicus» имкон медиҳад, ки хисороти расида дар чанд минтақаи Аттика муайян карда шавад.
Комиссияи Аврупо робитаи зичро бо мақомоти Юнон тавассути Маркази ҳамоҳангсозии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода идома дода, омода аст дар сурати зарурат кумаки иловагӣ фиристад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: pxhere.com








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






