Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мураббиёни дастаҳои кӯдакон даврҳои омӯзишӣ баргузор намуд

Июль 25, 2023 16:27

ХОРУҒ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ даври омӯзишии 15-рӯза барои мураббиёни дастаҳои кӯдаконаи футбол оғоз ёфт. Хатмкунандагони ин давр ба гирифтани дараҷаи тахассусии мураббигӣ ноил мегарданд. Барои баргузор кардани даврҳои омӯзишӣ беҳтарин мураббиёни Конфедератсияи футболи Осиё ҷалб гардидаанд.

Раиси федератсияи футболи вилоят Аноятшо Аноятшоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «давоми чанд соли охир бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён пайваста даврҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд. Чунин дарсҳои назариявӣ ва машқҳои амалӣ ба рушди футбол такони муассир мебахшанд. Ҳоло дар вилоят 27 нафар мураббии дорои дараҷаи С ва 3 нафар мураббии дорои дараҷаи В наврасону ҷавононро тамрин медиҳанд».

Аз 20 июл то 4 август даврҳои навбатии омӯзишӣ барои 20 нафар мураббии навамал ба хотири соҳиб шудан ба дараҷаи тахассусии С баргузор мегарданд. Ба ин мураббиён беҳтарин коршинсони ин намуди варзиш, дастурдиҳандаи калони Конфедератсияи футболи Осиё Боир Эгамбердиев ва директори шуъбаи таълимии Раёсати техникии ФФТ Алифбек Беромов таълим медиҳанд.

Ба гуфтаи Боир Эгамбердиев, мақсади асосии омӯзишҳои назариявию амалӣ- шинос намудани мураббиёни навкор бо беҳтарин тарзу усулҳои тамрини дастаҳои кӯдакона мебошад. Мураббиён бояд малакаву маҳорати хуби касбӣ дошта бошанд. Албатта, на ҳама кӯдакону наврасон дар оянда футболбози касбӣ мешаванд, аммо мо бояд кӯшиш намоем, ки кӯдаконро ба тарзи хаёти солим роҳнамоӣ намуда, футболро дар байни кӯдакону ҷавонон оммавӣ гардонем.

Дастурдиҳандаи калони Конфедератсияи футболи Осиё Боир Эгамбердиев изҳор дошт, ки аз давраҳои аввали ташкил ёфтани футбол дар ҷумҳурӣ даҳҳо футболбозони бадахшонӣ бо ҳунари волои худ шарафи варзишии ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо сари баланд ҳифз намуданд. Имрӯз низ бояд ин анъанаро идома диҳем ва барои футболи Тоҷикистон футболбозони умедбахш ба воя расонем. Ин умедро танҳо мураббиёни фаъолу касбӣ амалӣ карда метавонанд.

Пас аз чанд рӯз ҳамаи иштирокдорони даври омӯзишӣ имтиҳон супорида, беҳтарин мураббиён соҳиби тахассуси дараҷаи С мегарданд.

АКС:АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2023 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд