ФУТБОЛ. 24 август рақибони «Истиқлол» дар мавсими 2023/24-и Лигаи чемпионҳои Осиё маълум мешавад

Июль 6, 2023 13:48

ДУШАНБЕ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 оид ба футбол дар минтақаҳои Ғарбу Шарқро эълон намуд. 24 август дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи бузургтарини бошгоҳҳои Осиё баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил мешавад. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё аз шаш давр иборат буда, 18 сентябр оғоз шуда, 13 декабр ба анҷом мерасад. Ҳама дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ рақобат хоҳанд намуд.

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз қуръакашии мавсими нави Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё дар қатори бошгоҳҳои «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва чемпиони Ироқ, ки баъдтар муайян  мегардад, шомили сабади сеюм гардид. Ин маънои онро дорад, ки чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ин бошгоҳҳо бозӣ намекунад.

Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро ишғол мекунад, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24: 

 Минтақаи Ғарб: 

Сабади 1: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Персеполис» (Эрон), «Ал-Садд» (Қатар), «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ).

Сабади 2: «Сипоҳон» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файҳа» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон).

Сабади 3: «Ал-Файсалӣ (Урдун), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), қаҳрамони Ироқ, «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон).

Сабади 4: «Ал-Айн» (АМА), ғолиби ҷуфти «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳли» (АМА)/«Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти «Трактор» (Эрон) – «Шарҷа» (АМА)/«Башундара Кингс» (Бангладеш), ғолиби ҷуфти «Ал-Арабӣ» (Қатар) – АГМК (Узбекистон)/«Ал-Сиб» (Уммон), ғолиби ҷуфти «Ал-Вақра» (Қатар) – «Навбаҳор» (Узбекистон).

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 6, 2023 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид