«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Мавсими даҳуми лоиҳа зиёда аз 30 ҳазор кӯдакро фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими даҳуми лоиҳаи футбол барои кӯдакон «Футбол ба назди Шумо меояд» беш аз 30 ҳазор кӯдакро дар тамоми минтақаи мамлакат фаро гирифт.
Дар мавсими ҷашнии лоиҳаи «Футбол ба назди Шумо меояд» дар маҷмуъ 34 ҳазору 841 кӯдак аз 39 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ҷалб гардид. Дар мусобиқаи шаҳри Душанбе 6617 нафар, дар вилояти Суғд 17363 нафар, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 3795 нафар, дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 3700 нафар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ШНТМ) 2568 нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 798 нафар иштирок намуданд.
Лоиҳаи «Футбол ба назди Шумо меояд» дар ду марҳила баргузор гардид. Дар аввал шумораи номаҳдуди дастаҳо иштирок намуд. 12 дастаи беҳтарин дар се категорияи синну сол – байни кӯдакони то 7, 9 ва 11-сола ба қисми ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
«Футбол ба назди Шумо меояд» дар таърихи худ теъдоди зиёди кӯдаконро ба футбол ҷалб намудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа бедор намудани муҳаббати кӯдакон ба футбол ва тарзи ҳаёти солим мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта Конфедератсияи футболи Осиё лоиҳаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон – «Футбол ба назди Шумо меояд»-ро яке аз беҳтарин лоиҳаҳои оммавӣ – мусобиқаи намунавии футболи оммавӣ дар қитъаи Осиё эътироф намуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






