ФУТБОЛ. Дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиш барандаи Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи анъанавии Ҷоми «Ҷавонӣ» байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол бо пирӯзии дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиш (КМВА)-и Душанбе ба анҷом расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, даҳ дастаи чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонон иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи ҷавонони Клуби марказии варзишии Артиши шаҳри Душанбе бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Қурбоналӣ Муродов аз КМВА-и Душанбе беҳтарин бозингари бозии ниҳоии Ҷоми «Ҷавонӣ» эътироф шуд. Ба ғайр аз ҷом, ба ғолиби мусобиқа – КМВА 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим гардид. Иштирокчии бозии ниҳоии мусобиқа – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – «Эсхата» 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






