ФУТБОЛ. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо бозингари нав аз Аврупо шартнома баст

Июль 14, 2023 19:11

ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баҳри пурзӯр кардани ҳайати даста бо нимҳимоятгар аз Босния ва Ҳертсоговина Денис Беганович шартнома баст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷкаистон хабар доданд.

Муҳлати қарордоди футболбози нав бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе як солро дар бар мегирад. Беганович 10 июл ба даста ҳамроҳ гашта, дар айни замон дар ҷамъомади таълимию тамринии бошгоҳ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Денис Беганович 23 марти соли 1996 таваллуд шудааст. Қадаш – 185 см ва вазн – 82 кг аст. Ба ҳайси футболбози касбӣ дар дастаҳои футболи «Железничар», «Слобода Тузла» ва «Ком Подгоритса» ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамчунин дар ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 ва то 21-солаи Босния ва Ҳертсоговина ҳунарнамоӣ намудааст.

Қобили тазаккур аст, ки Денис Беганович ҳамагӣ дар 212 бозӣ вориди майдон гашта, дар ҳисоби худ 27 гол ва 12 партофти головар дорад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 14, 2023 19:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд