ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳам бозӣ мекунанд

Июль 24, 2023 13:15

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор мешаванд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозиҳои даври дуюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Туркманистон бозӣ менамояд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҳамчунин имрӯз дар чаҳорчӯби рӯзи давари дуюми бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» боз ду рақобати дигар доир мегарданд.

Дастаҳои мунтахаби Эрон бо Қирғизистон байни ҳам вомехӯранд. Сипас соати 17:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Афғонистон дар назар аст.

«CAFA Futsal Cup-2023»

Даври 2

24 июл (душанбе)

14:00 Эрон – Қирғизистон

17:00 Узбекистон – Афғонистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Даври 3

26 июл (чоршанбе)

14:00 Туркманистон – Узбекистон

17:00 Афғонистон – Эрон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

28 июл (ҷумъа)

14:00 Эрон – Узбекистон

17:00 Қирғизистон – Туркманистон

20:00 Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

30 июл (якшанбе)

14:00 Туркманистон – Афғонистон

17:00 Узбекистон – Қирғизистон

20:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 24, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд