ФУТБОЛ. Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Сингапур бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Июль 12, 2023 16:17

ДУШАНБЕ, 12.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сингапур дар хусуси  баргузории як бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии ду давлат  дар  моҳи сентябр ба мувофиқа расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷкаистон хабар доданд.

Бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон 8 сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Қаблан дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ Тоҷикистон ва Сингапур се бор бо ҳам бозӣ намудаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (1:0) пирӯз шуда, мунтахаби Сингапур (2:0) – дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ғолиб гардидааст. Рақобати дастаҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст.

Бозии дӯстона

8 сентябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 16:30 ба вақти Душанбе

Сингапур – ТОҶИКИСТОН

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 12, 2023 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд