Гармӣ дар якчанд давлати Аврупо бо тӯфону жола ҷой иваз намуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар якчанд давлатҳои аврупоӣ ҳавои ғайримуқаррарӣ тадриҷан паст шудан гирифт, аммо дар баъзе минтақаҳо бар ивази он тӯфони шадид ба амал омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.
Ҳамин тавр, дар шимолу шарқи Италия пас аз сабти ҳарорати баланд дар аввали ин ҳафта тӯфони шадид бо жолаи бузург ба амал омад. Обу ҳавои номусоид ба вилояти Венето таъсир расонд, ки дар он ҷо беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Жола инчунин ба токзоре, ки дар он навъҳои ангури барои просекко истифодашаванда парвариш мешуданд, зарар расонд.
Сокинони Хорватия ва Словения низ бо ҳавои тӯфонӣ рӯ ба рӯ ва зиёда аз 10 нафар захмдор шуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар Юнон ҳарорат паст намешавад. Дар шароити ҳарорати 40 дараҷа сӯхторнишонон дар наздикии Афина бо сӯхторҳои табиӣ мубориза мебаранд. Дар ин амалиёт ҳавопаймоҳо ва чархболҳо, аз ҷумла аз давлатҳои дигари Аврупо иштирок доранд. Тавре интизор меравад, то охири ҳафта ҳарорати ҳаво аз 45 дараҷа боло хоҳад рафт. Вазорати фарҳанги кишвар тасмим гирифт, ки тамоми ёдгориҳои бостоншиносӣ, аз ҷумла Акрополи Афинаро то 23 июл барои меҳмонон бандад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Felix Mittermeier / pixabay.com








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






