Гули наргис восита бар зидди тағйирёбии иқлим мебошад

Июль 23, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 23.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқоти охирин нишон доданд, ки агар гулҳои наргисро ба хӯроки чорво илова намоем, онҳо метанро камтар ба атмосфера мебароранд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ  бо истинод ба euronews.com хабар додааст.

Дар кӯҳҳои Сиёҳи Уэлс майдонҳои ғайриодӣ мавҷуд мебошанд. Дар ин ҷо дар баландӣ гули наргис парвариш карда мешавад. Ин гулҳо моддае ҷудо менамоянд, ки дар доруҳо бар зидди бемории Алтсгеймер истифода бурда мешаванд.

Тадқиқоти охирин нишон доданд: наргисҳои дар кӯҳистон рӯида ҳангоми ба ғизои чорво илова намудан қобилияти беназири коҳиш додани партовҳои метанро доранд.

Вале дар қуллаҳои баланд парвариш намудани ин гулҳо кори осон нест.

«Вақте ки мо кӯшиш намудем дар ин ҷо гули наргисро парвариш намоем, ба хулосае омадем, ки ҳамаи усулҳои анъанавие, ки даҳсолаҳо боз дар саноати парвариши гули наргис истифода мешаванд, ба кор намеоянд. Дар ниҳоят, мо маҷбур шудем, ки аз ҳама қоидаҳо даст кашем ва равандро аз аввал то ба охир комилан аз нав дида бароем»,- тазаккур дод хоҷагидор ва соҳиби Agroceutical Кевин Стивенс.

«Маълум мегардад, ки наргисҳо аз моддаҳои пурқудрати биологӣ бой мебошанд»,- идома медиҳад Кевин Стивенс.

Говҳо ва дигар ҳайвоноти кишоварзӣ тақрибан 14% партовҳои антропогениро ба атмосфера хориҷ менамоянд.

Олимон умедвор ҳастанд, ки усораи гули наргис на танҳо партовҳоро коҳиш медиҳад, балки системаи ҳозимаи ҳайвонотро самараноктар менамояд.

Ҳукумати Британия ҳоло давраи озмоишии чорсоларо дастгирӣ мекунад, ки дар сурати муваффақ шудан метавонад тамдид ёбад.

«Ҳоло мо дар вазъияти аҷиб қарор дорем. Иқтидори парвариши гули наргис барои тағйир додани ҷаҳон дар сатҳҳои гуногун ҳамзамон ҳаяҷоновар ва хеле даҳшатнок аст»,-  мегӯяд Кевин Стивенс. Ҳол он  ки парвариши ин намуди растанӣ мушкилоти тағйирёбии иқлимро комилан ҳал намекунад, дар сурати муваффақ шудан ба озмоиш партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш меёбанд ва ба суст шудани суръати гармшавии глобалӣ мусоидат мекунанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АЗЕРТАҶ

Июль 23, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд