ХИЗМАТ БА ВАТАН-НИШОНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар Бӯстон оид ба омӯзиши Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оид ба омӯзиши Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бо такя ба ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҷасуру матинирода бо азму иродаи устувор, неруву ҷасорат ва мардонагӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваста, сарбаландона марзу буми Ватани аҷдодиро муҳофизат менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба баргузории омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2023 сухан гуфта шуд.
Оид ба ҷараёни омӯзиши пешаздаъватии ҷавонписарон тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, сарбозону афсарон бо азму иродаи устувор хизмати Ватан-Модарро адо намуда истодаанд.
Бо мақсади ба ғамхории давлатӣ фаро гирифтани ҷавонони синни даъватӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар заминаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Бӯстон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ амал менамоянд, ки ҷавонон метавонанд дар он ройгон таълим гирифта, пас аз хатм соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷалб гарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






