Хотираи хубро дар синни калонсолӣ ба ҳаракат ва солимии равонӣ алоқаманд намудаанд
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Аврупо яке аз тӯлонитарин тадқиқоти вазъи саломатии «пирони хосса» — одамонеро анҷом доданд, ки дар 80-солагӣ метавонанд ба мисли бистсолаҳо қобилияти зеҳнӣ дошта бошанд. Мушоҳидаҳои чандинсола нишон доданд, ки афроди солхӯрдаи дорои хотираи хуб назар ба ҳамсолонашон тезтар ҳаракат мекунанд, ҳамчунин камтар ба афсурдагӣ ва изтироб гирифтор мешаванд. Тасвирҳои томографияи резонанси магнитӣ (MRТ) -и мағзи иштирокчиён тасдиқ намуданд, ки дар минтақаҳои марбут ба хотираи онҳо нисбат ба одамони одӣ ҳуҷайраҳои асосии системаи асаб бештар ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, ин тадқиқот дар маҷаллаи The Lancet Healthy Longevity нашр шудааст.
Муҳаққиқон менависанд, ки хотираи номураттаб махсусан ба ихтилоли вобаста ба синн — хотираи таҷрибаи шахсӣ ва рӯйдодҳои ҳаёт ҳассос аст. Нобудшавии он хоси бемории Алтсгеймер аст, аммо каме бад шудани хотираи номураттаб як ҷузъи муқаррарии пиршавӣ ба ҳисоб меравад. Олимон ба омӯхтани ин пиронсолон таваҷҷуҳ доранд, зеро он барои кушодани роҳҳои пешгирии халалёбии хотира кумак менамояд.
«Фаъолияти ҷисмонӣ ҳам мустақиман ва ҳам бавосита, аз ба эътидол овардани фишори хун ва пешгирии фарбеҳӣ то беҳтар шудани гардиши хун дар мағзи сар фоида меорад. Ҳамаи ин метавонад ба нигоҳ доштани қобилияти ақлӣ дар пиронсолӣ кумак намояд»,- баён дошт олим. Ӯ афзуд, ки робитаи баръакс низ имконпазир мебошад: мағзи солими «пирони хосса» суръати баланди қабулкунӣ ва ҳаракати мушакҳоро ҳатто бе машқҳои иловагии ҷисмонӣ таъмин мекунад.
Тадқиқоти қаблӣ нишон доданд, ки изтироб ва афсурдагӣ метавонанд ба хотираи одамони ҳама синн таъсир расонанд ва хатари фаромӯшхотирӣ (деменсия) — ро афзоиш диҳанд. Муаллифони кор ба хулосае омаданд, ки омилҳое, ки аз фаромӯшхотирии синнӣ муҳофизат мекунанд, бо хусусияти зуд пиршавӣ дучор мегарданд. Ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки коҳиши табии хотира дар робита ба синну сол аз ҳамон омилҳое вобаста аст, ки ба бемории Алтсгеймер мусоидат мекунанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Артем Геодакян / ТАСС








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






