HUNGARY MASTERS 2023. Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа муайян шуд

Июль 8, 2023 09:23

ДУШАНБЕ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-6 август дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) Мусобиқаи  Hungary Masters-2023   баргузор мешавад, ки дар он шаш варзишгар аз  Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи низомнома, дар мусобиқа варзишганоне, ки дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар 38-гона мавқеъ гирифтаанд, иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз ҷумла Эмомалии  Нуралӣ (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг),  Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг),  Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 196 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, барандагони медали нуқра 4000 евро ва медали биринҷӣ 2000 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеяшон дар радабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ хол мегиранд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 хол, ҷоизадорони ҷои дуюм 1260 ва ҷои сеюм 900 хол мегиранд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Июль 8, 2023 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд