HUNGARY MASTERS 2023. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 6 нафар паҳлавонон муаррифӣ менамоянд

Июль 24, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-6 август дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) мусобиқаи «Hungary Masters-2023»   баргузор мешавад, ки дар он шаш варзишгар аз  Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи низомнома, дар мусобиқа варзишганоне, ки дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар 38-гона мавқеъ гирифтаанд, иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -60 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90 кг) ва Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 196 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, барандагони медали нуқра 4000 евро ва медали биринҷӣ 2000 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеяшон дар радабандии олимпӣ ва ҷаҳонӣ хол мегиранд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 хол, ҷоизадорони ҷои дуюм 1260 ва ҷои сеюм 900 хол мегиранд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Июль 24, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд