Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии нурҳои ултрабунафш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 14 июл баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ шуда, то 16 июл идома меёбад. Аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии 12-17 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»
Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад






