Имрӯз дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.07.2023 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз, 9 июл дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси қарори Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Узбекистон дар назди Сафорат қитъаи интихоботии № 42 ташкил карда шудааст, ки марбут ба ҳавзаи интихоботии Тошканд № 14 оид ба интихоботи президенти Узбекистон мебошад. Китъаи интихоботӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Саноӣ, хонаи №30 воқеъ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ба манзури таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Узбекистон комиссияи интихоботии ҳавзаи интихоботии рақами 42 дар шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Ваҳдат, Хуҷанд ва Истаравшан раъйдиҳии пеш аз мӯҳлат баргузор кардааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар Узбекистон дар радифи беш аз 700 нозирони байналмилалӣ 12 нозир аз Тоҷикистон низ мушоҳида мекунанд.
Инчунин ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ин давлат беш аз 1200 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






