Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, МД «Телевизиони Сафина» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Июль 26, 2023 07:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 08:00 дар Вазорати фарҳанг гузаронида мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 3) нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар Кумитаи мазкур баргузор мегардад.

МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Телевизиони Сафина доир мегардад.

Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар корхонаи мазкур баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд бо варақаи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 дар сомонаҳои вазорату идораҳо шинос шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2023 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад