ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Тоҷикистон Рӯзи маъюбон мебошад. Ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардида, ба ин қишри ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Хабарнигори АМИТ “Ховар” ин мавзуъро пайгирӣ намуда, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии маъюбон ёдовар шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амалӣ гардида истодааст, ки дар асоси ин барнома аз ҳисоби тавонбахшӣ ҳамасола аз шумораи умумии маъюбони ба қайд гирифта аз 7 то 8 ҳазор аз рӯйхат бароварда мешаванд. Яъне саломатии онҳо барқарор гардида, дигар маъюб ҳисобида намешаванд. Давоми се соли охир дар мамлакат нишондиҳандаи маъюбият вобаста ба шумораи аҳолӣ аз 164 фоизи соли 2020 ба 157 фоизи соли 2022 паст фароварда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси хайрхоҳонаи Пешвои миллат ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба беҳсозии шароити зисти онҳо мебошад.
Мисоли рӯшани дигар ин аст, ки шуруъ аз соли 2011 то соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби буҷа ба қишри осебпазири ҷумҳурӣ ба маблағи 461,4 млн сомонӣ кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст.
Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шакли нави пардохти кумакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва маъюбон дода мешавад.
Ҳамзамон дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шуд.
Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат, ин қабл аз ҳама, мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, ба шумор меравад.
Тавре Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ Назира Толибова иброз дошт, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин қабил ашхос ҳамеша дар паноҳи давлат мебошанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро ҳукумат ба дӯш дорад.
«Дар шуъбаи мо ба шахсони имконияташон маҳдудбуда хизҳматрасониҳои гуногун расоинда мешавад, аз ҷумла онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ: китобҳои гӯё, мултимедӣ, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамкорӣ antibiotics antibacterials ҷамъият ва ғайра роҳандозӣ мегардад. Ҳамзамон маҳфилҳои доимии «Равшандилон», «Хандарез», «Ганҷи сухан» ба роҳ монда шудаанд, ки фаъолтарин ширкаткунандагонаш хонандагони аз ҷумлаи афроди имконияташон маҳдуд мебошанд», -мегӯяд Назира Толибова.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии мамлакат, шумораи маъюбон дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли сипаригардида 159 ҳазору 526 нафарро ташкил медиҳад, ки 32 ҳазору 180 нафари он кӯдак мебошад. Маъюбон дар Тоҷикистон 1,59 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Тибқи омор, маъюбони гурӯҳи I — 10,6 фоиз, гурӯҳи II — 48,2 фоиз ва маъюбони гурӯҳи III — 20,9 фоизро ташкил медиҳанд.
Тибқи замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон (105 604), аз ҷумла иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ (24), маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар (560), маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил (1230), маъюбони хизмати ҳарбӣ (1107), маъюбони овони кӯдакӣ (меҳнатӣ 7274), маъюбони овони кӯдакӣ (иҷтимоӣ 44358), маъюбони умумии бемории иҷтимоӣ (18604), маъюбони то 18-сола (32447) аз кумакҳои якдафъаина баҳравар гардиданд.
Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба беҳбуд бахшидани шароиту имконоти онҳо мусоидат мекунад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Сайбибӣ Шарифова чун фариштаи меҳр 50 соли умри пурбаракаташро ба соҳаи тандурустӣ бахшидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






