ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии рафиқона бо дастаи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон байни дастаҳои футболи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд ва чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии рафиқона дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин бозӣ дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи футболи «Пахтакор»-и шаҳри Тошкандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
Дар вохӯрӣ голҳои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Артур Карташиян (дар дақиқаи 31-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра) ва Сенин Себай (дар дақиқаи 78-ум) ба нишон расониданд.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






