Корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул мебошанд

Июль 10, 2023 11:05

ДУШАНБЕ, 10.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар шаҳри Бӯстон ҶДММ «Суғдпак» корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди истифода қарор додааст, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъмини сокинон бо ҷойи кор саҳми арзанда гузошта истодааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Дар ин корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди «Биг-Бег» дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ, шурӯъ аз коркарди ашёи хом-полипропилен ва дигар ашёи хоми полимерӣ ба роҳ монда шудааст.

Асосан маҳсулоти истеҳсолии корхонаи мазкур воридотивазкунанда буда, ба давлатҳои хориҷӣ — Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот карда мешаванд. Мояи хушҳолист, ки дар давлатҳои хориҷи дур низ ба маҳсулоти корхона талабот пайдо шудааст.

Дар корхонаи мазкур коргарону мутахассисон бо ҷойи кории баландмузд таъмин гардидаанд, ки аксаран сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи якум оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, моҳи ноябри соли 2017 марҳилаи дуюм оид ба истеҳсоли халтаҳои полимерӣ ва моҳи апрели соли 2023 истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати «Суғдпак»-ро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм, ки 15 апрел мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо бунёди иншооти истеҳсолӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ, бо васлу насби хатҳои технологии бофандагию дӯзандагии як қатор давлатҳои хориҷӣ, бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 400 ҳазор дона халтаҳои калонҳаҷм дар як сол бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шудааст.

Роҳбарияти шаҳр бо фаъолияти корхонаи мазкур аз наздик шинос шуда, ҷиҳати фароҳам намудани фазои мусоиди кору истироҳат баҳри кормандон, ва занону духтарон, таъмини саривақтии музди меҳнат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолии рақобатпазири воридотивазкунанда ба роҳбарияти корхона тавсияҳои муфид дод.

Ҳамзамон ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ «Тоҷфилиз» низ шинос шуд.

Бояд гуфт, ки корхонаи мазкур моҳи августи соли 2019 дар заминаи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо дастур ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии «Тоҷфилиз» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфта, ба коркарди метал, истеҳсоли мех ва мехи печон машғул буда, корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металро коркард намуда, бештар аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот аслан ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли авҷ гирифтани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сохтмони иншооти гуногун дар ҷумҳурӣ талабот ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд буда, ҳамчунин корхона имконият дорад, ки барои содирот низ навъҳои гуногуни мех ва мехҳои печонро истеҳсол намояд. Корхонаи мазкур бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Июль 10, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии шаҳри Турсунзода мумфарш ва бетонпӯш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ «Донаи алмос»- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Комплекси агросанотии Саховат» оғози расмӣ бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Кӯдакистони Арча»- ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Аркон»- ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи клиникии рақами 1 ва ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд
Байни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад