Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад

Ноябрь 18, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Ванҷ бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ дар масоҳати 46 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд. Инчунин 14 гектар боғҳои куҳна бо шинондани дарахтони мевадиҳанда барқарор шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи ноҳияи Ванҷ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидори зиёд доранд. Бахусус, себу зардолу ва туту чормағз бисёр хушсифату болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаву содиротӣ мебошанд. То охири моҳи октябри соли равон аз ҳисоби боғоти ноҳия 2205 тонна мева содирот гардидааст. Содироти мева ҳамасола то моҳи декабр ва баъзан то баҳорон идома меёбад. Деҳқонони ноҳия ба таври таҷрибавӣ ба бунёди боғи интенсивӣ дар домани кӯҳҳо оғоз кардаанд.

Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ноҳия ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, масоҳати боғот низ меафзояд. Имрӯз масоҳати заминҳои ноҳия 2601 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он бештар аз 1080 гектараш боғҳои мевадиҳанда мебошанд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар мавзеи Реғҷу Ҷангали Зуго, Дашти Бовуд ва Гишхуни ноҳия сарфи назар аз заминҳои нобобу санглох буданашон, боғҳо бунёд мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ иброз доштанд, ки дар 20 соли охир дар ноҳия 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳоло ҳам зиёданд.

«Ҳамасола шуста шудани даҳҳо гектар замини назди соҳили дарёи Ванҷ яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад, ки қисми онро заминҳои кишти зироат ва майдони боғҳо ташкил медиҳанд. Яъне дар ҳолати таъмин намудани устувории маҷрои дарёи Ванҷ имконияти ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани ҳазорҳо гектар замину ҷангал ба вуҷуд меояд»,-таъкид намуданд Сарвари давлат. Имрӯз, дар маҷмуъ, 85-90 дарсади аҳолии ноҳия ба кишоварзиву чорводорӣ ва боғдориву рустанипарварӣ машғул буда, даромади аҳолӣ, аслан аз ҳамин ҳисоб сарчашма мегирад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 18, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»