Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров аз Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ бо медали тилло ба Ватан бармегарданд

Июль 24, 2023 16:54

ДУШАНБЕ, 24.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик  Мирзоҷамил Рамазонов ва Ҳақназар Назаров   дар аввалин Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ, ки 21-22 июл  дар маркази ҷудои «Батир»-и шаҳри Қазони  Русия баргузор гардид, соҳиби медалҳои  тилло шуданд. Дар ин хусус котиби генералии Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон  Абдулло Саидхоҷаев ба шореҳи  варзиши  АМИТ «Ховар» хабар  дод.

Паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 75 кг дар ин мусобиқа маҳорати хуб нишон дода, бар ҳарифонашон пайи ҳам ғолиб омаданд ва мақоми аввал ва  унвони чемпиониро сазовор гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар  Чемпионати кушоди Русия оид ба гӯштингирӣ котиби генералии Федератсияи миллии гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев, муовини вазири варзиши Ҷумҳурии Тотористон Халил Шайхутдинов ва дигар шахсони расмӣ иштирок  доштанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 24, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд