Намояндагони Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси Федератсияи байналмилалии футбол иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Инструкторони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои дастурдиҳандаҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар курсҳои минтақавӣ, ки дар Тошканд баргузор шуданд, намояндагони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Муҳаммад Басир аз Сингапур буд ва ба ӯ инструкторони минтақавӣ – Ислом Аҳмадов (Узбекистон), Светлана Покачалова (Қирғизистон) ва Ровшан Мередов (Туркманистон) кумак намуданд.
Барномаи курси такмили ихтисоси дастурдиҳандаҳои Федератсияи байналмилалии футбол мавзӯъҳои ба монанди дастгирии ассотсиатсияҳои миллӣ дар таълими дастурдиҳандаҳо ва омода намудани инструкторони маҳаллӣ (рушди малакаи инсон), фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди шахсӣ, иҷтимоӣ ва касбиро дар бар мегирифт.
Илова бар ин, дар курсҳои минтақавии Федератсияи байналмилалии футбол дар Тошканд, дастурдиҳандаҳо имкон доштанд, ки талаботи инфиродии худро навсозӣ, баррасӣ ва муҳокима кунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид






