Намояндаи Тоҷикистон дар семинари доварони Конфедератсияи футболи Осиё иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 16.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Довари футзали Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Суҳроб Сатторов аз Тоҷикистон дар семинари Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои доварони футзал, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуда истодааст, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Барномаи таълим ҳам дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалиро дар бар мегирад. Қаблан Суҳроб Сатторов дар семинари доварони Конфедератсияи футболи Осиё аз санҷиши фитнес муваффақона гузашта буд.
Бояд гуфт, ки Суҳроб Сатторов ба ҳайати довароне, ки бозиҳои мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023»-ро доварӣ мекунанд, шомил гардид. Мусобиқа аз 23 то 28 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ баргузор мешавад. Дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон дар мусобиқа байни дастаҳои миллии футзал иштирок мекунанд.
АСК: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






