ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ. 82 ҷудочии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқа ба Тошканд мераванд
ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27-30 июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 82 ҷудочии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 33 варзишгар ва аз байни ҷавонон 49 варзишгарро ба Ташканд мефиристад.
Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн дар байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон/бойгонӣ








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






