ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Варзишгарони тоҷик аз он бо 7 медал ба Ватан бармегарданд

Июль 31, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон, ки аз 27 то 30 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, паҳавонони тоҷик ба гирифтани 7 медал мушарраф гардиданд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа байни наврасон 86 варзишгар аз 4 давлат ва байни ҷавонон 97 варзишгар аз 3 давлат иштирок карданд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 33 варзишгар ва аз байни ҷавонон 49 варзишгарро ба шаҳри Тошканд равон намуд. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор гардид.

Ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқа Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ба даст овард. Аҳлия Муъминов дар вазни то 52кг, Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66кг, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Ҳабибулло Ашӯров дар вазни то 100кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Паҳлавонони дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг мақоми панҷуми мусобиқаро соҳиб шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 31, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд